Скрыть

Наҳемё, Глава 1

Толкования
1:2
1:4
1:10
1:11
Суханони Наҳемё писари Ҳакалё. Дар моҳи кислев, дар соли бистум, вақте ки ман дар Шушани пойтахт будам, чунин воқеъ шуд,
Ки Ҳононӣ, яке аз бародаронам, омад, ва бо ӯ якчанд касоне касоне чанд аз Яҳудо буданд; ва ман аз онҳо дар бораи яҳудиёни халосшуда, ки аз асирӣ боқӣ монда буданд, ва дар бораи Уршалим пурсупос намудам.
Ва онҳо ба ман гуфтанд: «Боқӣ мондагон, – онҳое ки аз асирӣ боқӣ мондаанд, – он ҷо, дар мамлакат, дар мусибати бузург ва дар хорузорӣ мебошанд; ва ҳисори Уршалим хароб шудааст, ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст».
Ва ҳамин ки ин суханонро шунидам, нишаста, гиря кардам ва чандин рӯз мотам гирифтам, ва рӯза дошта, ба ҳузури Худои осмон дуо хондам,
Ва гуфтам: «Лутфан, эй Парвардигор, Худои осмон, Худои азим ва саҳмгин, ки паймон ва марҳаматро бар онҳое ки Туро дӯст медоранд ва аҳкоми Туро ба ҷо меоваранд, нигоҳ медорӣ!
Хоҳишмандам, ки гӯшҳои Ту бодиққат ва чашмони Ту воз бошанд, то дуои бандаи худро, ки ман ба ҳузури Ту дар ин вақт, рӯзона ва шабона, дар бораи бандагонат банӣ Исроил мегӯям, бишнавӣ, ва ман гуноҳҳои банӣ Исроилро, ки пеши Ту ба амал овардаем, эътироф менамоям: ҳам ман ва ҳам хонадони падари ман гуноҳ кардаем.
Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, ва аҳкому фароизу дастурҳоеро, ки ба бандаи Худ Мусо фармудаӣ, риоя накардаем.
Аммо суханеро, ки ба бандаи Худ Мусо фармудаӣ, ба ёд овар, ки гуфтаӣ: ́Агар шумо хиёнат намоед, Ман шуморо дар миёни қавмҳо пароканда хоҳам кард;
Ва ҳар гоҳ ба сӯи ман бозгашт намоед, ва аҳкоми Маро риоя кунед ва онҳоро ба ҷо оваред, ҳатто агар парокандагони шумо дар канори осмон бошанд ҳам, онҳоро аз он ҷо ҷамъ хоҳам кард ва ба маконе ки онро баргузидаам, то номи Худро дар он ҷо сокин гардонам, хоҳам овард́.
Ва онҳо, охир, бандагони Ту ва қавми Ту ҳастанд, ки онҳоро бо қуввати азими Худ ва бо дасти пурзӯри қавии Худ раҳонидаӣ!
Лутфан, эй Худо, хоҳишмандам, ки гӯши Ту ба дуои бандаат ва ба дуои бандагонат, ки иштиёқманди хоҳони тарси номи Ту ҳастанд, бодиққат бошад; ва хоҳишмандам, ки бандаи Худро имрӯз комёб созӣ, ва ӯро ба ҳузури ин шахс сазовори марҳамат гардонӣ». – Ва ман соқии подшоҳ будам.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible